Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
От Марка
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Ӯ одамони зиёдро аз бемориҳои гуногун шифо дод, бисёр девҳоро берун кард ва нагузошт, ки девҳо чизе бигӯянд, зеро онҳо кӣ будани Ӯро медонистанд. Баъд Ӯ ба тамоми гӯшаву канори сарзамини Ҷалил сафар карда, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод ва девҳоро аз одамон берун мекард. Вале Исо бо таъкиди қатъӣ ба онҳо амр мекард, ки Ӯро маълум накунонанд. Ҳамин тавр, Исо ва шогирдонаш ба тарафи дигари кӯл, ба сарзамини Ҷадариён расиданд. Ҳангоми ба соҳил фаромадани Исо, якбора як шахсе, ки гирифтори рӯҳи нопок буд, аз қабристон берун баромада, ба тарафи Ӯ давид. Ин мард дар қабристон зиндагӣ мекард ва ҳеҷ кас ӯро бо занҷир ҳам баста, нигоҳ дошта наметавонист. Борҳо дасту пояшро бо занҷирҳо баста ва завлона карда буданд, вале ӯ завлонаҳоро шикаста, занҷирҳоро пора-пора мекард. Касе барои ром кардани вай қувват надошт. Ӯ шабу рӯз доимо дар қабристон ва теппаҳо дод зада мегашту худро бо сангҳо зада, маҷрӯҳ мекард. Вақте ки ӯ Исоро аз дур дид, давон-давон ба наздаш омада саҷда кард. Исо ба вай фармон дод: «Эй рӯҳи нопок, аз ин мард берун шав». Вай бошад, бо тамоми овозаш фарёд зада гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Аз барои Худо маро азоб надеҳ!» Исо ба вай фармон дод: «Эй рӯҳи нопок, аз ин мард берун шав». Вай бошад, бо тамоми овозаш фарёд зада гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Аз барои Худо маро азоб надеҳ!» Исо аз ӯ пурсид: «Номат чист?» Ӯ ҷавоб дод: «Номам Лашкар аст, чунки мо бисёрем». Вай аз Исо зорию тавалло кард, ки онҳоро аз он маҳалла берун накунад. Ҳамин вақт як галаи калони хукон дар болои теппае мечарид. Рӯҳҳои нопок аз Исо хоҳиш карда гуфтанд: «Моро ба мобайни хукҳо фирист ва иҷозат деҳ, ки ба онҳо дохил шавем». Исо ба онҳо иҷозат дод. Он гоҳ рӯҳҳои нопок аз он мард берун баромада, дохили хукҳо шуданд. Тамоми галаи хукон, ки тақрибан ду ҳазор сар буд, аз баландӣ ҷаста худро ба кӯл партофта ғарқ шуданд. Хукбонҳо бошанд, ба шаҳру деҳоти атроф гурехта, дар ҳама ҷо ин ҳодисаро ба мардум нақл карданд. Мардум берун баромаданд, то бубинанд, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. Пас онҳо дар гирди Исо ҷамъ омада, диданд, ки ҳамон девонае, ки гирифтори лашкари девҳо буд, акнун дар тан либос дораду бо ақли солим нишастааст ва хеле тарсиданд. Шоҳидони ин воқеа, ҳодисаи бо девонаву хукҳо рӯйдодаро нақл мекарданд. Он гоҳ мардум аз Исо хоҳиш карданд, ки аз сарзаминашон биравад. Ҳангоме ки Исо ба қаиқ савор мешуд, марде, ки пештар гирифтори девҳо буд, аз Вай илтимос кард, ки ӯро ҳам бо худ бубарад. Аммо Исо хоҳиши ӯро рад карда гуфт: «Ба хонаат баргард ва ба хешу таборат нақл кун, ки Худованд дар ҳаққи ту чӣ кор ва чӣ ғамхории бузурге кард». Ӯ низ равона шуд ва дар тамоми гӯшаву канори Даҳ Шаҳр ба ҳама эълон карда мегуфт, ки Исо барояш чӣ кори бузурге кардааст ва ҳама аз шунидани ин дар ҳайрат мемонданд. Аз он ҷо Исо ба шаҳри Сур рафт. Ӯ ба хонае даромад ва нахост, ки касе омаданашро фаҳмад. Вале ин кор ба Ӯ муйяссар нашуд. Зане, ки духтари хурдсолаш гирифтори рӯҳи нопок буд, аз омадани Исо зуд бохабар шуда, ба назди Ӯ омад ва ба пеши пойҳояш афтод. Вай зани юнонӣ, зодаи Финиқияи Сурия буд. Ӯ илтимос кард, ки Исо девро аз духтараш берун кунад. Исо ба ӯ гуфт: «Бигзор аввал фарзандон сер шаванд, чунки нони фарзандонро гирифта ба сагон додан нодуруст аст». Вале зан ҷавоб дод: «Дуруст аст, хоҷаам, вале сагон ҳам нонпораҳои аз дастархони кӯдакон афтодаро чида мехӯранд». Он гоҳ Исо ба зан гуфт: «Барои чунин ҷавобат метавонӣ ба хонаат баргардӣ, ки дев аз духтарат дур шудааст». Зан ба хонааш омада дид, ки дев аз духтараш берун шуда, вай ором хобидааст. Марде аз байни мардум ҷавоб дод: «Устод, писарамро назди Шумо овардам. Ӯ гап зада наметавонад, зеро гирифтори рӯҳи нопок аст. Ҳар гоҳ ки рӯҳи нопок писарамро бигирад, ӯро бар замин мезанад ва даҳонаш кафк мекунад, дандонҳояш ба якдигар мечаспанд ва баданаш мисли чӯб карахт мешавад. Аз шогирдони Шумо хоҳиш кардам, ки рӯҳи нопокро аз ӯ берун кунанд, вале онҳо натавонистанд». Исо гуфт: «Эй насли беимон! То кай ҳамроҳи шумо бошам ва то кай ҳамаи шуморо тоқат кунам? Писарро пеши Ман биёред». Пас ӯро оварданд ва ҳамин ки рӯҳ Исоро дид, писарро сахт ларзонд. Бача ба рӯи замин ғалтида ғел мезад ва аз даҳонаш кафк мебаромад. Исо аз падари ӯ пурсид: «Ӯ кай боз ба ин дард гирифтор аст?» Ҷавоб дод: «Аз бачагиаш. Рӯҳи нопок борҳо ӯро ба обу оташ андохта, мехост нобудаш кунад. Ба мо раҳм кунед ва агар илоҷашро ёбед ба мо мадад кунед». Исо ба мард гуфт: «Чӣ? „Агар илоҷашро ёбам”? Ба касе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст». Падари бача дарҳол нидо кард: «Бале, имон дорам, вале ёрӣ диҳед, ки имонам қавитар гардад». Вақте Исо дид, ки мардуми зиёд давон омада ҷамъ мешаванд, бо сарзаниш ба рӯҳи нопок амр кард: «Эй рӯҳи кариву гунгӣ! Ба ту мегӯям, аз ин бача берун баро ва дигар ба ӯ надаро!» Рӯҳи нопок наърае зада, бори дигар бачаро сахт ларзонда, аз ӯ берун шуд. Ранги бача монанди мурда шуд, барои ҳамин бисёриҳо «Вай мурдааст» гуфтанд. Вале Исо дасти ӯро гирифта, аз ҷояш хезонд ва бача ба пояш истод. Шогирдон аз суханони Исо ба ҳайрат афтоданд. Пас Исо такрор карда гуфт: «Эй фарзандонам! Ба подшоҳии Худо дохил шудан чӣ душвор аст. Онҳо ба сӯи Ерусалим раҳсипор шуданд. Исо пешопеш мерафт. Шогирдони дарҳайратмонда ва одамон бо тарс аз паси Ӯ қадам мезаданд. Исо дувоздаҳ шогирдашро ба як тарафе бурда, бори дигар гуфт, ки дар Ерусалим Ӯро чӣ сарнавиште интизор аст.
От Марка
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Выбор основного перевода