Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
ва дарҳол онҳо қаиқ ва падарашонро монда, Ӯро пайравӣ карданд. Он гоҳ Петрус гуфт: «Ана, мо аз баҳри ҳама чиз баромада, Шуморо пайравӣ кардем. Пас насиби мо чист?» Инчунин, ҳар касе ки барои Ман шуда аз баҳри хонаҳо, бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, фарзандон ё заминҳояш гузашта бошад, ҳамаи инро сад маротиба зиёдтар пайдо мекунад ва дар оянда зиндагии абадӣ низ насибаш мегардад. Баъд Исо шогирдон ва мардумро ба наздаш ҷамъ карда гуфт: «Ҳар касе аз шумо, ки мехоҳад пайрави Ман бошад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, салиби азобу маргашро бардошта барад, он гоҳ Маро пайравӣ кунад. Пас аз он Исо ба ҳама гуфт: «Ҳар касе, ки аз байни шумо пайрави Ман шудан мехоҳад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, ҳар рӯз салиби азобу маргашро бардошта барад, он гоҳ Маро пайравӣ кунад. ва ба дигаре гуфт: «Аз паси Ман биё». Аммо ӯ ҷавоб дод: «Хоҷаам, иҷозат диҳед, ки аввал ба хонаам баргашта, падарамро ба хок супорам». Ҳар кӣ ба Ман хизмат кунад, бояд аз пасам ояд ва ҳар ҷое, ки Ман ҳастам, хизматгорам низ ҳамон ҷо мешавад. Касеро, ки ба Ман хизмат кунад, Падарам сарфароз менамояд. Агар шумо Маро дӯст доред, фармонҳои Маро иҷро мекунед.
Выбор основного перевода