Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Исо бошад, барои дуо кардан ба ҷои хилват мерафт. Дар он рӯзҳо Исо барои дуо кардан ба кӯҳ баромад ва тамоми шабро бо дуои Худо гузаронид. Рӯзе, вақте ки Исо дар танҳоӣ дуо мекарду дар наздаш фақат шогирдонаш буданд, аз онҳо пурсид: «Мардум дар бораи кӣ будани Ман чӣ мегӯянд?» Аз ин гуфтугӯ тақрибан ҳашт рӯз гузашт. Исо Петрус, Юҳанно ва Ёқубро бо худ гирифта, барои дуогӯӣ ба болои кӯҳе баромад. Рӯзе дар ҷое Исо машғули дуогӯӣ буд. Вақте ки дуояшро тамом кард, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ҳамон тавре ки Яҳё ба шогирдонаш ёд дода буд, Ту низ ба мо тарзи дуогӯиро ёд деҳ».
Выбор основного перевода