Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
От Луки
Параллельные места
Аз ҳамон вақт сар карда Ӯ ба шогирдонаш кушоду равшан мегуфт, ки бояд ба Ерусалим равад ва дар он ҷо аз дасти пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бисёр азоб мекашад. Оқибат Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад. Ба онҳо гуфт: «Оё то ҳол намефаҳмед?» Сипас, суханашро давом дода гуфт: «Фарзанди Инсон бояд бисёр азоб кашад. Пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз Вай рӯй мегардонанд. Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад». Вале шогирдон маънои ин суханонро нафаҳмиданд, чунки маънояш аз онҳо пӯшида монд, ба тавре ки онро дарк накарданд ва ҳам метарсиданд, ки дар ин бора аз Исо чизе бипурсанд. Исо он дувоздаҳ нафарро як сӯ бурда, ба онҳо гуфт: «Ана, мо ба Ерусалим рафта истодаем. Дар он ҷо ҳар чизе ки пайғамбарон дар бораи Фарзанди Инсон навиштаанд, ба амал хоҳад омад. Он гоҳ Ӯ аз навиштаҳои Мӯсо ва ҳамаи пайғамбарон сар карда ҳар як ҷои навиштаҷотро, ки дар борааш чизе гуфта шуда буд, ба онҳо фаҳмонд.
Выбор основного перевода