Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Аз барои сустии имонатон. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар имонатон донаи хардал барин бошад, он гоҳ ба ин кӯҳ „Аз ин ҷо ба он ҷо гузар” гӯед, кӯҳ мегузарад. Пас, бароятон ҳеҷ чиз имконнопазир намешавад. Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар шумо бовар кунеду шубҳа надошта бошед, он гоҳ он кореро, ки Ман бо дарахти анҷир кардам, шумо ҳам карда метавонед. Ва на фақат ин корро, балки, агар шумо ҳатто ба кӯҳ гӯед, ки бархеста ба баҳр биафтад, сухани гуфтаатон иҷро мешавад. Исо ба мард гуфт: «Чӣ? „Агар илоҷашро ёбам”? Ба касе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст». Худованд он занро дида, дилаш ба ҳоли вай сӯхт ва ба ӯ гуфт: «Гиря накун». Аммо ба касоне, ки Ӯро қабул карданд ва ба Ӯ имон оварданд, ҳуқуқ дод, ки фарзандони Худо шаванд.
Выбор основного перевода