Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Дар замин барои худ боигарӣ ҷамъ накунед, ки дар ин ҷо куяву занг мезанад ва ғоратгарон зада даромада, онро медузданд. Ҳеҷ кас якбора ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад, чунки ё якеашро дӯст медораду дигарашро бад мебинад, ё ба яке вафодор мемонаду дигарашро писанд намекунад. Шумо низ наметавонед ҳам бандаи Худо бошеду ҳам бандаи пул. Касе ки шуморо қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад ва касе ки Маро қабул мекунад, дар асл шахсеро, ки Маро фиристодааст, қабул мекунад. Исо ба вай гуфт: «Агар хоҳӣ, ки комил бошӣ, рафта, тамоми молу мулкатро фурӯшу пулашро ба қамбағалон тақсим бикун. Он гоҳ соҳиби мукофоти осмонӣ мегардӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо». Шогирдон аз суханони Исо ба ҳайрат афтоданд. Пас Исо такрор карда гуфт: «Эй фарзандонам! Ба подшоҳии Худо дохил шудан чӣ душвор аст. Пас он чӣ дар даруни коса доред ба камбағалон садақа диҳед ва ҳама чиз бароятон пок мегардад. Он чиро, ки доред, бифурӯшеду ба камбағалон садақа диҳед. Ҳамёнҳоеро ба даст оред, ки ҳеҷ вақт намедаранд. Дар осмон боигариеро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ вақт тамом намешавад, чунки дасти дузд ба он ҷо намерасад ва куя онро намезанад. Беҳтараш вақти зиёфат оростан камбағалону маъюбон ва шалҳову нобиноёнро даъват намо.
Выбор основного перевода