Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Касе ки падар ё модари худро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи шогирди Ман шудан нест. Инчунин, касе ки писар ё духтари худро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи шогирди Ман шудан нест. Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳар каси шумо, ки пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, салиби азобу маргашро бардошта барад ва он гоҳ Маро пайравӣ кунад. Баъд Исо шогирдон ва мардумро ба наздаш ҷамъ карда гуфт: «Ҳар касе аз шумо, ки мехоҳад пайрави Ман бошад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, салиби азобу маргашро бардошта барад, он гоҳ Маро пайравӣ кунад. Пас аз он Исо ба ҳама гуфт: «Ҳар касе, ки аз байни шумо пайрави Ман шудан мехоҳад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, ҳар рӯз салиби азобу маргашро бардошта барад, он гоҳ Маро пайравӣ кунад. Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ ба хотири подшоҳии Худо аз баҳри хона, зан, бародарон, падару модар ва фарзандонаш гузарад, Касе ки ҳаёташро азиз дорад, онро аз даст медиҳад ва касе ки дар ин дунё аз ҳаёти худ нафрат кунад, онро барои ҳаёти абадӣ нигоҳ медорад.
Выбор основного перевода