Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Ҳангоме ки шуморо назди шӯрои олӣ мебаранд, ғам нахӯред, ки ба онҳо чӣ бояд гӯед ё чӣ тавр бояд сухан ронед, чунки дар он вақт суханоне, ки бояд гӯед, ба дилатон андохта мешаванд. Вақте шуморо дастгир карда ба ҷавобгарӣ мекашанд, ташвиш накашед, ки чӣ бояд бигӯед. Ҳар чӣ ҳамон лаҳза ба дилатон андохта мешавад, бигӯед, чунки он вақт на шумо, балки Рӯҳи Муқаддас ба воситаи шумо сухан меронад. Вале, пеш аз он ки ҳамаи ин ба амал ояд, шуморо дастгир карда, азоб хоҳанд дод ва ба ибодатхонаву зиндонҳо хоҳанд бурд. Аз барои номи Ман шуморо ба назди подшоҳону ҳокимон мебаранд.
Выбор основного перевода