Toggle navigation
Главная
Переводы Библии
Комментарии к Библии
Библейские словари и энциклопедии
Новости
Выбор основного перевода
Синодальный
Современный
Перевод РБО. Радостная Весть
Юбилейное издание (Свет на Востоке)
Перевод свящ. Леонида Лутковского
Церковнославянский перевод
Аварский (магӀарул мацӀ)
Азербайджанский (Azärbaycanca)
Башкирский (башҡорт теле)
Беларускі пераклад
Грузинский (ქართული ენა)
Казахский (қазақ тілі)
Кумыкский (къумукъ тил)
Осетинский (ирон æвзаг)
Таджикский (тоҷикӣ)
Татарский (татарча)
Туркменский (Türkmençe)
Узбекский (ўзбекча)
Український переклад І. Огієнка
Чеченский (нохчийн мотт)
Чувашский (чӑвашла)
American Standard
Biblia Tysiąclecia
Deutsche Luther
Ελληνική μετάφραση
King James
Română traducere
Tradução português
Traducción al español
Traduction française
Traduzione italiana
Türkçe çeviri
中文 汉译
Новый русский перевод МБО
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Сделайте выбор
Комментарии Баркли
Новая Женевская Учебная Библия
Толкование Златоуста
Учебная Библия МакАртура
Толкование Жана Кальвина
Комментарии МакДональда к Библии
Серия комментариев МакАртура
Толкование Мэтью Генри
Толковая Библия Лопухина
Толкование Далласской семинарии
Толкование Блаженного Феофилакта Болгарского
Новый Библейский Комментарий
Комментарии Давида Стерна к Новому Завету
Комментарии Сперджена
Синодальный
Современный
Перевод РБО. Радостная Весть
Юбилейное издание (Свет на Востоке)
Перевод свящ. Леонида Лутковского
Церковнославянский перевод
Аварский (магӀарул мацӀ)
Азербайджанский (Azärbaycanca)
Башкирский (башҡорт теле)
Беларускі пераклад
Грузинский (ქართული ენა)
Казахский (қазақ тілі)
Кумыкский (къумукъ тил)
Осетинский (ирон æвзаг)
Таджикский (тоҷикӣ)
Татарский (татарча)
Туркменский (Türkmençe)
Узбекский (ўзбекча)
Український переклад І. Огієнка
Чеченский (нохчийн мотт)
Чувашский (чӑвашла)
American Standard
Biblia Tysiąclecia
Deutsche Luther
Ελληνική μετάφραση
King James
Română traducere
Tradução português
Traducción al español
Traduction française
Traduzione italiana
Türkçe çeviri
中文 汉译
Новый русский перевод МБО
Выбор книги основного перевода
От Иоанна
Аҳди Ҷадид
Аҳди Ҷадид
От Матфея
Аҳди Ҷадид
Книга От Матфея в переводе Таджикский (тоҷикӣ)
От Марка
Аҳди Ҷадид
Книга От Марка в переводе Таджикский (тоҷикӣ)
От Луки
Аҳди Ҷадид
Книга От Луки в переводе Таджикский (тоҷикӣ)
От Иоанна
Аҳди Ҷадид
Книга От Иоанна в переводе Таджикский (тоҷикӣ)
← Предыдущая
От Иоанна
Следующая →
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
1
Баъд аз он айёми иди яҳудиён буду Исо ба Ерусалим рафт.
2
Дар Ерусалим дар наздикии Дарвозаи Гӯсфандон ҳавзе буд, ки ба забони ибронӣ Байт-Ҳасдо номида мешуд. Он панҷ айвон дошту
3
шумораи зиёди беморон: кӯрҳо, лангҳо ва шалҳо дар он ҷо мехобиданд.
4
шумораи зиёди беморон: кӯрҳо, лангҳо ва шалҳо дар он ҷо мехобиданд.
5
Дар он ҷо инчунин марде мехобид, ки сию ҳашт сол боз гирифтори беморӣ буд.
6
Вақте Исо дид, ки ӯ дар он ҷо хобидааст ва фаҳмид, ки вай муддати дароз бемор аст, аз вай пурсид: «Мехоҳӣ сиҳат шавӣ?»
Параллельные места
Отсутствуют
7
«Хоҷаам,- ҷавоб дод бемор,- ман касе надорам, ки ҳангоми ба талотум омадани об маро ба ҳавз андозад. То ман наздик меоям ки, каси дигар аллакай аз ман пештар ба ҳавз медарояд».
8
Исо ба ӯ гуфт: «Бархез, ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард!»
9
Он мард фавран сиҳат шуда, ҷойгаҳи худро бардошта рафт.Он рӯз рӯзи истироҳат буд.
10
Аз ин сабаб роҳбарони яҳудӣ ба марди шифоёфта гуфтанд: «Имрӯз рӯзи истироҳат аст, бинобар ин раво нест, ки ҷойгаҳатро бардошта барӣ!»
11
«Касе, ки маро шифо дод, ба ман „Ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард” гуфт»,- ҷавоб дод ӯ.
12
Онҳо аз ӯ пурсиданд: «Кадом одам ба ту „Ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард” гуфт?»
13
Аммо марди шифоёфта намедонист, ки Вай кӣ буд, чунки Исо дар байни мардуми онҷобуда аз назар ғоиб шуд.
14
Пас аз он Исо ӯро дар Хонаи Худо дида гуфт: «Гӯш кун, акнун ту шифо ёфтӣ. Дигар гуноҳ накун, то ба чизи бадтаре дучор нашавӣ».
15
Он мард ба назди роҳбарони яҳудӣ рафта, гуфт, ки ӯро Исо шифо додааст.
16
Азбаски Исо чунин корҳоро дар рӯзи истироҳат мекард, яҳудиён аз дунболи Ӯ афтоданд.
17
Аммо Исо ба онҳо ҷавоб дода гуфт: «Падари Ман ҳамеша кор мекунад ва Ман низ ҳамеша кор мекунам».
18
Бинобар ин дар роҳбарони яҳудӣ нияти куштани Исо боз зиёдтар шуд, чунки Ӯ на танҳо қоидаи рӯзи истироҳатро вайрон мекард, балки Худоро боз Падари худ номида, бо ҳамин худро бо Худо баробар мекард.
19
Аммо Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, Писар бо ихтиёри худ ҳеҷ кореро карда наметавонад, фақат он чӣ мебинад, ки Падар мекунад, Писар низ мекунад. Ҳар чӣ Падар мекунад, ҳамонро Писар ҳам мекунад.
20
Азбаски Падар Писарро дӯст медорад, ҳар чиро ки худ мекунад, ба Ӯ низ нишон медиҳад. Вай ба Писар аз ин ҳам корҳои бузургтарро нишон медиҳад, ки ҳамаи шумо ба ҳайрат меафтед.
21
Ҳамон тавр ки Падар мурдагонро зинда мекунад ва ба онҳо ҳаёт мебахшад, ҳамчунин Писар, ба ҳар кӣ хоҳад, ҳаёт мебахшад.
22
Зеро Падар ҳеҷ касро ҳукм намекунад, балки ҳукм карданро пурра ба Писар супоридааст,
23
то ҳама Писарро ҳамон тавр эҳтиром кунанд, ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе, ки Писарро эҳтиром намекунад, Падарро ҳам, ки фиристандаи ӯст, эҳтиром намекунад.
24
Ба шумо рост мегӯям, ҳар кӣ сухани Маро мешунавад ва ба фиристандаи Ман имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мебошад. Ӯ ҳукм карда намешавад, балки аллакай аз марг ба ҳаёт гузаштааст.
25
Ба шумо рост мегӯям, вақту соате меояд ва аллакай фаро расидааст, ки мурдагон садои Писари Худоро мешунаванд ва ҳар касе, ки Ӯро бишнавад, зинда мешавад.
26
Чунон ки Падар сарчашмаи ҳаёт аст, Писарро низ сарчашмаи ҳаёт кардааст.
27
Инчунин Ӯ ба Писар қудрати ҳукм карданро додааст, зеро Писар Фарзанди Инсон аст.
28
Аз ин дар ҳайрат намонед, чунки вақту соате фаро мерасад, ки ҳамаи мурдагон садои Ӯро шунида аз қабрҳояшон мебароянд. Онҳо, ки некӣ карда буданд, барои ҳаёт ва онҳое, ки бадӣ карда буданд, барои маҳкум шудан бармехезанд.
29
Аз ин дар ҳайрат намонед, чунки вақту соате фаро мерасад, ки ҳамаи мурдагон садои Ӯро шунида аз қабрҳояшон мебароянд. Онҳо, ки некӣ карда буданд, барои ҳаёт ва онҳое, ки бадӣ карда буданд, барои маҳкум шудан бармехезанд.
30
Ман наметавонам ба ихтиёри худ кореро иҷро кунам: Ман он чӣ бишнавам, ҳамон тавр ҳукм мекунам ва ҳукми Ман одилона аст, зеро Ман на хости худамро, балки хости фиристандаамро иҷро кардан мехоҳам.
31
Агар Ман дар бораи худ шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман эътибор надорад.
32
Аммо Ман шоҳиди дигаре дорам ва медонам, ки шоҳидии ӯ дар бораи Ман ҳаққонист.
33
Шумо одамони худро ба назди Яҳё фиристодед ва ӯ дар бораи ростӣ шаҳодат дод.
34
Дар воқеъ, Ман мӯҳтоҷи шаҳодати инсон нестам, фақат ба хотири наҷоти шумо инро гуфтам.
35
Яҳё монанди чароғи фурӯзон дурахшанда буд ва шумо хостед, ки муддате ҳам бошад, дар равшании ӯ хурсандӣ кунед.
36
Вале Ман шаҳодати бузургтар аз он, ки Яҳё дода буд, дорам. Он корҳое, ки барои иҷро кардан Падар ба Ман супоридааст ва худи он корҳое, ки Ман ба ҷо меоварам, шоҳиди онанд, ки Маро Падар фиристодааст!
37
Ҳамин Падарам, ки Маро фиристодааст, дар бораи Ман шаҳодат медиҳад. Шумо тамоман на овозашро шунидаед ва на намуди Ӯро дидаед.
38
Каломи Ӯ дар дилҳои шумо нест, зеро шумо ба каси фиристодааш имон намеоваред.
39
Шумо навиштаҷотро меомӯзед ва фикр мекунед, ки дар он ҳаёти абадӣ меёбед. Вале он ҳам дар бораи Ман шаҳодат медиҳад.
40
Бо вуҷуди ин шумо намехоҳед, ки ба пеши Ман оеду ба ҳаёт соҳиб шавед.
41
Ман ба таърифи инсон мӯҳтоҷ нестам.
42
Ман медонам, ки шумо дар дилҳоятон муҳаббати Худоро надоред!
43
Ман назди шумо аз номи Падари худ омадаам ва шумо Маро қабул намекунед, вале агар каси дигар ба назди шумо аз номи худ биёяд, шумо ӯро қабул мекунед.
44
Агар шумо таърифи якдигарро маъқул донеду барои ҷустани таърифи Худои яккаву ягона кӯшиш накунед, чӣ тавр имон оварда метавонед?!
45
Гумон накунед, ки Ман шуморо дар пеши Падар айбдор мекунам, айбдоркунандаи шумо Мӯсо аст, ки ба ӯ умед мебандед!
46
Агар шумо ба Мӯсо имон медоштед, ба Ман ҳам имон меовардед, зеро ӯ дар бораи Ман навишта буд.
47
Вале, агар шумо ба он чӣ, ки ӯ навиштааст, имон наоваред, чӣ тавр ба суханони Ман бовар мекунед?»
← Предыдущая
От Иоанна
Следующая →
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
Выбор основного перевода
Синодальный
Современный
Перевод РБО. Радостная Весть
Юбилейное издание (Свет на Востоке)
Перевод свящ. Леонида Лутковского
Церковнославянский перевод
Аварский (магӀарул мацӀ)
Азербайджанский (Azärbaycanca)
Башкирский (башҡорт теле)
Беларускі пераклад
Грузинский (ქართული ენა)
Казахский (қазақ тілі)
Кумыкский (къумукъ тил)
Осетинский (ирон æвзаг)
Таджикский (тоҷикӣ)
Татарский (татарча)
Туркменский (Türkmençe)
Узбекский (ўзбекча)
Український переклад І. Огієнка
Чеченский (нохчийн мотт)
Чувашский (чӑвашла)
American Standard
Biblia Tysiąclecia
Deutsche Luther
Ελληνική μετάφραση
King James
Română traducere
Tradução português
Traducción al español
Traduction française
Traduzione italiana
Türkçe çeviri
中文 汉译
Новый русский перевод МБО