Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Ҳиродус мехост Яҳёро ба қатл расонад, аммо аз халқ метарсид, зеро халқ Яҳёро пайғамбар меҳисобид. Онҳо нақша кашиданд, ки бо ҳила Исоро дастгир мекунанду Ӯро ба қатл мерасонанд. То иди Балогардон ва иди Фатир ду рӯз монда буд. Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон роҳи бо ҳила дастгир карда, ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ мекарданд. Баъд аз он Исо дар сарзамини Ҷалил мегашт. Ӯ намехост, ки дар Яҳудия бошад, чунки роҳбарони яҳудӣ хоҳони марги Ӯ буданд. Баъзе аз сокинони Ерусалим гуфтанд: «Магар Ӯ ҳамон одам нест, ки Ӯро куштан мехоҳанд? Ман медонам, ки шумо аз авлоди Иброҳим ҳастед, бо вуҷуди он шумо барои куштани Ман тайёред, чунки суханони Маро қабул намекунед. Вале шумо Маро, ки ростиро аз Худо шунида ба шумо гуфтам, куштан мехоҳед! Иброҳим чунин кор накардааст! Ману Падар як ҳастем». Онҳо ба Ӯ ҷавоб доданд: «Мо Туро на барои корҳои некат сангсор кардан мехоҳем, балки барои сухани кофиронаат, ки Ту инсон ҳастиву даъвои худоӣ мекунӣ!» Аз ҳамон рӯз сар карда, онҳо роҳи чӣ тавр ба қатл расондани Ӯро фикр карданд.
Выбор основного перевода