Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Рӯзи сеюм дар шаҳри Қанои Ҷалил тӯи арӯсӣ буд ва модари Исо дар он ҷо иштирок дошт. Исо низ бо шогирдони худ ба тӯй даъват шуда буд. Вақте ки шароб тамом шуд, модари Исо ба Вай гуфт: «Инҳо шароб надоранд». «Ин ба мо чӣ дахл дорад, модар! - ҷавоб дод ба ӯ Исо.- Вақту соати Ман ҳанӯз нарасидааст». Модари Ӯ ба хизматгорон гуфт: «Ҳар чӣ Вай ба шумо бигӯяд, бикунед». Дар он ҷо шаш кӯзаи сангин барои об буд, ки аз рӯи урфу одати яҳудиён онро барои расму таомули покшавӣ истифода мебурданд. Ҳар кадоми онҳо аз ҳафтод то яксаду даҳ литр ғунҷоиш дошт. Исо ба хизматгорон гуфт: «Кӯзаҳоро аз об пур кунед». Хизматгорон онҳоро лабрез карданд. «Акнун аз он гирифта, ба роҳбари тӯй баред»,- гуфт ба онҳо Исо. Онҳо бурданд. Роҳбари тӯй аз куҷо будани шаробро намедонист, фақат хизматгороне, ки аз кӯза об гирифтанд, аз ин огоҳ буданд. Роҳбари тӯй оби ба шароб табдилшударо чашида, домодро ба назди худ даъват карду ба ӯ гуфт: «Ҳар кас аввал шароби хушсифатро оварда мегузораду баъд, вақте ки меҳмонон бисёр нӯшиданд, шароби пастсифатро меорад, аммо ту шароби хушсифатро то ҳол нигоҳ доштаӣ». Ҳамин тавр Исо дар Қанои Ҷалил нишонаи аввалини шӯҳрату ҷалоли худро зоҳир кард ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд. Сипас Исо ба деҳаи Кафарнаҳум ворид шуд, ки ба наздаш як сардори лашкаре омад ва ба зорию илтиҷо даромада гуфт: «Хоҷаам, хизматгорам аз ҳаракат монда, дар хона рӯи ҷойгаҳ хобидааст. Ӯ дар оташи дард сӯхта истодааст». Баъд аз он ки Исо тамоми суханҳояшро ба мардум гуфта шуд, вориди шаҳри Кафарнаҳум гашт. Дар он ҷо як сардори лашкар хизматгоре дошт, ки барояш азиз буд. Ин хизматгор бемор шуда, дар бистари марг мехобид. Он сардори лашкар овозаи Исоро шунида, пирони яҳудиро пеши Ӯ фиристод, то илтимос кунанд, ки омада хизматгорашро шифо диҳад.
Выбор основного перевода