Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Ман наметавонам ба ихтиёри худ кореро иҷро кунам: Ман он чӣ бишнавам, ҳамон тавр ҳукм мекунам ва ҳукми Ман одилона аст, зеро Ман на хости худамро, балки хости фиристандаамро иҷро кардан мехоҳам. Вале Ман шаҳодати бузургтар аз он, ки Яҳё дода буд, дорам. Он корҳое, ки барои иҷро кардан Падар ба Ман супоридааст ва худи он корҳое, ки Ман ба ҷо меоварам, шоҳиди онанд, ки Маро Падар фиристодааст! Зеро Ман аз осмон на барои иҷро кардани иродаи худ, балки барои иҷро кардани иродаи фиристандаам фаромадаам. Ман бо анҷом додани он коре, ки Ту ба Ман супорида будӣ, бароят дар рӯи замин шӯҳрат додам. Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд!» Баъд сар хам карда ҷон дод.
Выбор основного перевода