Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Лекин, агар Ман онҳоро ба амал оварам, ҳарчанд ба Ман имон наоваред ҳам, ба корҳои Ман имон оваред, то бидонед ва бифаҳмед, ки Падар дар Ман аст ва Ман дар Падар ҳастам». чунки Ман аз худ сухан нагуфтаам, балки Падаре, ки Маро фиристодааст, чӣ гуфтану чӣ нақл карданамро фармон додааст. Дар он рӯз медонед, ки Ман дар Падарам ҳастам ва шумо дар Ман ҳастед ва Ман дар шумо. Касе ки Маро дӯст намедорад, суханони Маро иҷро намекунад. Он сухане, ки шумо мешунавед, аз Ман нест, балки сухани Падар аст, ки Маро фиристодааст. Бигзор ҳамаи онҳо як шаванд. Бигзор, чӣ тавре ки ту, Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту ҳастам, онҳо низ дар мо бошанд, то ҷаҳон имон оварад, ки Маро Ту фиристодаӣ.
Выбор основного перевода