Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Петрус боз инкор кард. Ҳамон лаҳза хурӯс ҷеғ зад. Исо суханашро давом дода гуфт: «Бигзор дилҳоятонро ғаму ғусса фаро нагирад! Ба Худо имон оваред ва ба Ман низ имон оваред! Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба Худо имон дошта бошед. Ман оромиро бо шумо мемонам, оромии худамро ба шумо медиҳам. Ман онро ба шумо на ба он тавре медиҳам, ки ҷаҳон медиҳад. Ғаму ғуссаро аз дилҳоятон дур кунеду ҳаросон нашавед! Он рӯз шумо аз Ман чизе намепурсед. Ба шумо рост мегӯям, ҳар чиро ки бо номи Ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо хоҳад дод. То кунун шумо аз номи Ман чизеро талаб накардаед. Талаб кунед ва ба даст меоваред ва хурсандии шумо пурра мешавад».
Выбор основного перевода