Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
От Иоанна
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
пурсиданд: «Куҷост он кӯдаки навзоде, ки Шоҳи Яҳудиён мешавад? Мо дидем, чӣ хел ситораи Ӯ аз тарафи шарқ баромад ва омадем, то ки ба Ӯ саҷда кунем». Он гоҳ онҳое, ки дар қаиқ нишаста буданд, ба Исо саҷда карда хитоб намуданд, ки Ӯ дар ҳақиқат Писари Худо аст. Шимъӯни Петрус ба Ӯ ҷавоб дод: «Ту ҳамон Таъиншуда ва Писари Худои зинда ҳастӣ». Сипас аз осмон овозе садо дод: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хушнудам». Рӯҳҳои нопок баробари дидани Ӯ худро дар наздаш ба замин мепартофтанд ва фарёдзанон мегуфтанд: «Ту Писари Худо ҳастӣ!» Бигузор Таъиншудаи Худо, ки Шоҳи Яҳудиён аст, акнун аз салиб поён фарояд, то мо инро дида, имон оварем!» Ҳатто онҳое, ки ҳамроҳаш мехкӯб шуда буданд, Ӯро таҳқир мекарданд. «Бале, Худованд,- ҷавоб дод Марто,- ман бовар мекунам, ки Ту Таъиншуда ва Писари Худо ҳастӣ, ки бояд ба ҷаҳон биёяд». Он гоҳ онҳо шохаҳои дарахти нахлро ба даст гирифта, ба пешвози Ӯ баромаданд ва фарёд мекарданд: «Шаъну шараф ба Худо! Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд ва Шоҳи Исроил аст!»
От Иоанна
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Выбор основного перевода