Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
От Иоанна
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Ҳангоме ки Исо дар соҳили кӯли Ҷалил роҳ мерафт, ба кӯл тӯр андохта истодани ду бародар: Шимъӯн, ки ӯро боз Петрус меномиданд ва бародараш Андриёсро дид, чунки онҳо моҳигир буданд. Исо ба онҳо гуфт: «Омада Маро пайравӣ кунед, то ба ҷои моҳӣ ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам». Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, Ӯро пайравӣ карданд. Рӯзе Исо аз назди кӯли Ҷалил мегузашт, ки ба об тӯр андохта истодани Шимъӯн ва бародари ӯ Андриёсро дид, чунки онҳо моҳигир буданд. Исо ба онҳо гуфт: «Омада Маро пайравӣ кунед, то ба ҷои моҳӣ ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам». Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, Ӯро пайравӣ карданд. Каме дуртар рафта Исо писарони Забдойро дид, ки Ёқуб ва Юҳанно ном доштанд. Онҳо дар қаиқи худ тӯрҳои моҳигириро таъмир мекарданд. Дарҳол онҳоро даъват намуд ва онҳо падарашон Забдойро бо мардикорон дар қаиқ монда, Ӯро пайравӣ карданд. Исо ду қаиқеро дид, ки дар соҳили кӯл гузошта шуда буданд ва моҳигирон аз онҳо берун омада, тӯрҳои моҳидориро мешустанд. Ӯ ба яке аз қаиқҳо, ки соҳибаш Шимъӯн буд, савор шуда, аз ӯ хоҳиш кард, ки қаиқро аз соҳил каме дуртар ронад. Баъд нишаста, аз қаиқ мардумро таълим медод. Дар охири суханаш Ӯ ба Шимъӯн гуфт: «Қаиқро ба мобайни кӯл бирон ва барои сайд тӯрҳоятонро ба об андозед». Шимъӯн ҷавоб дод: «Устод! Мо тамоми шаб заҳмат кашидем ва чизе сайд накардем, вале азбаски шумо мефармоед, ҳоло тӯрро ба об меандозем». Вақте ин корро карданд, он қадар моҳӣ сайд шуд, ки қариб буд тӯрҳояшон канда шаванд. Пас, Шимъӯн ва рафиқонаш ба шарикони худ, ки дар қаиқи дигар буданд, ишорае карданд, то ба ёриашон биёянд. Онҳо омада, ҳар ду қаиқро то дараҷае аз моҳӣ пур карданд, ки қариб ғарқ мешуданд. Шимъӯни Петрус ин ҳолатро дида, пеши пойҳои Исо афтода гуфт: «Худовандо! Аз пеши ман бирав, чунки ман одами гунаҳкор ҳастам». Ӯ инро барои он гуфт, ки худаш ва ҳамроҳонаш аз сайди бешумори ба дастовардаашон ба ҳайрат афтода буданд. Ёқубу Юҳанно низ, ки писарони Забдой ва шарикони Шимъӯн буданд, ҳайрон шуданд. Вале Исо ба Шимъӯн гуфт: «Натарс, баъд аз ин одамонро монанди моҳӣ ҷамъ хоҳӣ кард». Сипас моҳигирон қаиқҳоро ба соҳил бароварданд ва ҳамаи корҳояшонро як сӯ гузошта, Исоро пайравӣ карданд.
От Иоанна
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Выбор основного перевода