Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Ҳамаи дарахтоне, ки меваи хуб намеоваранд, бурида ба оташ партофта мешаванд. Чи тавре ки алафи бегонаро ҷамъ карда, дар оташ месӯзонанд, айнан ҳамин тавр дар охирзамон рӯй медиҳад. Исо чунин масалеро гуфт: «Дар токзори як мард дарахти анҷире шинонда шуда буд. Вай омада, аз он мева ҷустуҷӯ кард, вале чизе наёфт. Пас, ба боғбон гуфт: „Се сол боз ман меоям, то аз ин дарахт мевае пайдо бикунам, вале чизе намеёбам. Онро бурида парто! Чаро заминро беҳуда банд мекунад?” Вале боғбон ҷавоб дод: „Хоҷа! Як соли дигар ҳам онро набуред. Ман гирдашро побел карда, ба замин пору меандозам. Агар соли оянда мева диҳад, хуб мешавад ва агар надиҳад, баъд бибуред”». Ҳар кӣ дар Ман намонад, монанди шоха партофта шуда, баъд хушк мешавад. Чунин шохаҳоро ҷамъ карда, ба оташ мепартоянду месӯзонанд.
Выбор основного перевода