Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Худо ба шумо имконияти фаҳмидани сирру асрори подшоҳии худро додааст, аммо аз онҳо ин чизҳо пинҳон ҳастанд. Чунки ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз ва аз ҳад зиёд дода мешавад, аммо касе, ки надорад, ҳатто он андаке, ки дорад, аз ӯ кашида гирифта мешавад. Зеро ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз ҳам зиёдтар дода мешавад ва касе, ки надорад, ҳатто он андаке, ки дорад, аз ӯ кашида гирифта мешавад». Пас, аҳамият диҳед, ки суханони Маро чӣ хел гӯш мекунед, зеро ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз зиёд дода мешавад, аммо аз он касе, ки надорад, ҳатто он чизе, ки ба гумони худ дорад, аз вай кашида гирифта мешавад». „Ман ба шумо мегӯям, ба ҳар касе, ки чизе дорад, боз ҳам зиёд дода мешавад. Лекин аз касе, ки ҳеҷ чиз надорад, ҳатто он чизи андаке, ки дорад, гирифта мешавад. Ҳар шохаеро, ки дар Ман ҳосил намедиҳад, Ӯ бурида мепартояд ва ҳар шохаи ҳосилдиҳандаро хомток мекунад, то меваи бештаре ба бор оварад.
Выбор основного перевода