Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Исо пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ?» «Мехоҳам, амр кунӣ, ки ҳангоми подшоҳӣ карданат писарони ман аз дасти чапу рости Ту бишинанд»,- ҷавоб дод зан. Вақте ки Исо ба роҳ баромад, марде ба наздаш давида омада дар пешаш ба зону афтод ва пурсид: «Эй устоди нек! Чӣ кор бояд бикунам, ки ҳаёти абадӣ насибам гардад?» Шумо ҳамроҳам аз озмоишҳои Ман гузаштед ва он подшоҳиеро, ки Падарам ба Ман ато намудааст, Ман низ ба шумо тӯҳфа мекунам, то ки шумо дар подшоҳии Ман аз дастархонам бихӯреду бинӯшед ва бар тахтҳо нишаста, ба дувоздаҳ қабилаи Исроил ҳукмронӣ кунед».
Выбор основного перевода