Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
От Марка
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё дӯстони домод дар ҷашни арӯсӣ, модоме ки домод бо онҳост, ғамгин мешаванд? Албатта не. Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он гоҳ онҳо низ рӯза мегиранд. ва суханони Исо ба хотири Петрус омаданд. Ӯ гуфта буд, ки ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, вай се бор шинохтани Исоро инкор мекунад.Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард. Худи ҳамон лаҳза хурӯс бори дуюм ҷеғ зад ва Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс ду бор ҷеғ занад, ту се бор Маро инкор мекунӣ». Он гоҳ Петрус худро дошта натавониста ба гиря даромад. чунки суханони Ман дилҳои шуморо пур аз ғам карданд. Ба шумо рост мегӯям, ки шумо гиря карда, андӯҳгин мешавед, вале ҷаҳон шодӣ мекунад. Шумо ғамгин мешавед, аммо ғами шумо ба шодӣ мубаддал мегардад. Ҳангоми таваллуди кӯдак зан ғамгин мешавад, чун соати азоби вай расидааст, вале вақте ки кӯдакро мезояд, азобу шиканҷаро фаромӯш карда, шодӣ мекунад, ки инсоне ба дунё омадааст. Инак, шумо ҳам ҳоло ғамгин ҳастед, аммо Ман шуморо боз мебинам ва дилҳои шумо аз шодӣ пур мешаванд ва он шодиро ҳеҷ кас аз шумо гирифта наметавонад.
От Марка
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Выбор основного перевода