Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Баъд аз ин Исо шаҳр ба шаҳру деҳа ба деҳа гашта, ба мардум хабари хуши подшоҳии Худоро мерасонд. Дар ин кор Ӯро дувоздаҳ шогирд ва якчанд зан, ки аз рӯҳҳои нопок ва бемориҳо шифо ёфта буданд, ҳамроҳӣ мекарданд. Яке аз он занҳо Марям буд, ки Маҷдалия номида мешуду аз ӯ ҳафт дев берун рафта буд. Дигаре Юҳона буд, ки шавҳараш Кузо ном дошту дар дарбори Ҳиродус вазифаи назоратчиро иҷро мекард. Ҳамчунин Сусан ва бисёр дигарон, ки бо пулу молашон онҳоро дастгирӣ мекарданд. Вақте ки рӯзи истироҳат ба охир расид, Марями Маҷдалия, Марям, ки модари Ёқуб буд ва Салӯмит рафта, равғани хушбӯй хариданд, то ки ба бадани Исо бимоланд. Чунин буд амали сарбозон.Дар назди салиби Исо модар ва холааш, Марями зани Келуп ва Марями Маҷдалия истода буданд.
Выбор основного перевода