Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Аз паси Ӯ мардуми бисёре рафтанд, зеро онҳо мӯъҷизаҳои Ӯро дар шифо додани беморон диданд. Вақти шаб шуд, шогирдони Исо ба лаби баҳр фаромаданд ва ба қаиқ савор шуда, ба соҳили дигари баҳр, ба сӯи Кафарнаҳум равона шуданд. Рӯз аллакай торик шуд, вале Исо ҳанӯз ба наздашон наомада буд. Аз сабаби вазидани шамоли сахт баҳр ба талотум омад. Вақте онҳо ба масофаи панҷ-шаш километр қаиқро ронда рафтанд, Исоро диданд, ки дар рӯи об қадамзанон ба қаиқ наздик мешавад. Онҳо тарсиданд. «Натарсед, ин Манам!» - гуфт ба онҳо Исо. Онҳо мехостанд, ки Ӯро ба қаиқ гиранд, вале қаиқ ҳамон замон ба соҳиле, ки онҳо равона буданд, омада расид.
Выбор основного перевода