Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Яҳё ҳамон як одам, ки Худо дар борааш дар навиштаҷот гуфта буд:„Ана, Ман пешопеши Ту як одамамро мефиристам,то ба омаданат роҳ тайёр кунад”. Дар китоби Ишаъё пайғамбар суханони Худо омадаанд:«Ана, Ман пешопеши Ту як одамамро мефиристам,то ба омаданат роҳ тайёр кунад. Вақте роҳбарони яҳудӣ аз Ерусалим ба назди Яҳё чанд нафар рӯҳониён ва левизодагонро фиристоданд, то аз ӯ кӣ буданашро бипурсанд, Яҳё аз ҷавоб рӯ нагардонду ошкоро эълон карда, чунин шаҳодат дод: «Ман Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо нестам». Яҳё бо суханоне, ки Ишаъё пайғамбар гуфта буд, ҷавоб дод:«Ман касе ҳастам, ки дар биёбон фарёд зада мегӯяд:„Барои Худованд роҳро рост намоед!”». «Ман бо об таъмид медиҳам,- ҷавоб дод Яҳё. - Вале дар байни шумо шахсе ҳаст, ки баъд аз ман меояд ва ман ҳатто лоиқи он нестам, ки банди пойафзолашро кушоям. Шумо Ӯро намешиносед».
Выбор основного перевода