Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
От Иоанна
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Ӯ ба мардум гуфт, ки рӯи сабза нишинанд. Баъд он панҷ нону ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу аз Худо баракат талабид ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод, то ки ба мардум тақсим карда диҳанд. Баъд он ҳафт нону моҳиҳоро ба даст гирифта, Худоро шукргӯён онҳоро пора кард ва ба шогирдонаш дод. Шогирдонаш нонпораҳоро гирифта ба мардум тақсим карданд. Исо он панҷ нон ва ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу аз Худо баракат талабид ва нонҳоро пора карда, бо моҳӣ ба шогирдонаш дод, онҳо бошанд, ба мардум тақсим карданд. Ӯ ба мардум фармуд, ки ба рӯи замин шинанд. Баъд он ҳафт нонро гирифта, ба Худо шукр гуфт ва онро пора карда, ба шогирдонаш дод, ки тақсим кунанд ва онҳо нонро ба мардум тақсим карданд. Баъд Ӯ он панҷ нону ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу аз Худо баракат талабид ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод, то ба мардум тақсим бикунанд. Ӯ бо онҳо дар сари дастархон нишаста, нонро ба даст гирифт ва дуои шукрона карду онро пора карда ба он ду нафар дод. Ҳамин вақт гӯё пардае аз чашмони он ду нафар бардошта шуд ва онҳо Исоро шинохтанд, вале Ӯ аз назари онҳо нопадид гашт. Исо нонро гирифта дуои шукрона хонду онро ба нишастагон тақсим карда дод. Баъд бо моҳиҳо ҳам чунин кард ва ба ҳама чӣ қадаре ки мехостанд, ҳамон қадар дод.
От Иоанна
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Выбор основного перевода