Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Яке аз шогирдон, ки Исо ӯро дӯст медошт, дар паҳлӯи Ӯ такя карда нишаста буд. Исо модари худ ва дар канори Ӯ шогирди дӯстдоштаашро дида, ба модараш гуфт: «Модар, ана ин писари туст». «Эй зан, чаро гиря мекунӣ?» - пурсиданд онҳо. Марям ба онҳо ҷавоб дод: «Худованди маро бурдаанд ва ман намедонам, ки Ӯро дар куҷо гузоштаанд». Он шогирде, ки Исо ӯро дӯст медошт, ба Петрус «Ин Худованд аст!» гуфт. Вақте Шимъӯни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, либосашро пӯшиду (чунки либосашро кашида буд) худро ба об партофт. Петрус ба ақиб нигоҳ карда, шогирдеро дид, ки Исо ӯро дӯст медошт. Ӯ аз паси онҳо меомад. Ин ҳамон шогирде буд, ки дар вақти шом хӯрдан ба Исо такя карда пурсида буд: «Эй Худованд, кӣ ба Ту хиёнат мекунад?» Ин ҳамон шогирдест, ки ҳамаи инро навиштааст ва дар бораи ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва мо медонем, ки шаҳодати ӯ рост аст.
Выбор основного перевода