Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Сипас назди шогирдонаш баргашта гуфт: «Шумо ҳанӯз хоб рафта дам мегиред? Ана вақту соати он ҳам расид, ки Фарзанди Инсон ба дасти гунаҳкорон таслим карда мешавад. Вай бори сеюм баргашта, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз хоб рафта дам мегиред? Бас, акнун соати он расидааст, ки Фарзанди Инсон ба дасти гунаҳкорон таслим карда мешавад. Сангро дур карданд. Исо ба боло нигоҳ карда гуфт: «Эй Падар, шукри Туро мекунам, ки дуои Маро шунидӣ. Исо ҷавоб дод: «Вақту соати он расидааст, ки тамоми шӯҳрату ҷалоли Фарзанди Инсон ошкор гардад! Як рӯз пеш аз иди Балогардон Исо дид, ки вақту соати аз ин дунё рафтан ва ба пеши Падараш баргаштани Ӯ расидааст. Ӯ дар ин дунё одамони худро дӯст медошт ва муҳаббаташ нисбат ба онҳо то охир пойдор буд. Вақте ки ӯ берун баромад, Исо гуфт: «Акнун Фарзанди Инсон шӯҳрату ҷалол ёфт ва Худо низ ба воситаи Ӯ шӯҳрату ҷалол ёфт. Агар Худо дар Ӯ шӯҳрату ҷалол ёфта бошад, пас Худо низ дар худ Ӯро шӯҳрату ҷалол медиҳад ва фавран инро мекунад.
Выбор основного перевода