Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
«Фарз мекунем, ки нафаре аз шумо сад сар гӯсфанд дораду якеашро гум мекунад. Магар наваду нӯҳтоашро дар чароҳгоҳ гузошта, то ёфтани он гӯсфанди гумшуда аз паи вай намеравад? Ва чун ёбад, бо хурсандӣ онро болои китфонаш бардошта ба хонааш меояд ва дӯстону ҳамсояҳояшро ҷеғ зада мегӯяд: „Бо ман хурсандӣ кунед. Ман гӯсфанди гумшудаамро ёфтам”. Ба шумо мегӯям, дар осмон барои як гунаҳкоре, ки аз гуноҳ даст кашида, тавба мекунад, хурсандии зиёдтаре мешавад, назар ба он наваду нӯҳ накӯкоре, ки ба тавба ҳеҷ эҳтиёҷ надоранд. Аз он муҳаббате, ки кас ҷонашро барои дӯстонаш фидо мекунад, муҳаббати бузургтаре нест.
Выбор основного перевода